Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёди қурбониёни заминларза дар Ҷопон


Дар Ҷопон бо як дақиқаи сукут аз қурбониёни заминларза ва тсунамии чаҳор соли пеш ёд оварданд. Дар он офати табиӣ тақрибан 16 ҳазор нафар ҷон бохтанд. Бар пояи иттилои расмӣ, то ҳанӯз ҳудуди 2 ҳазор нафари дигар беному нишонанд.

Маросими ёбдуд дар Токио зери раҳбарии императори Ҷопон Акиҳито ва нахуствазир Синдзо Абэ баргузор шуд. Ин гуна маросимҳо дар сартосари Ҷопон баргузор шуданд.

Заминларза ва тсунамӣ боиси садама дар нерӯгоҳи ҳастаии “Фукушимо-1” шуданд, ки ҷиддитарин фоҷиаи атомӣ баъд аз садама дар нерӯгоҳи ҳастаии Чернобил дар соли 1986 арзёбӣ шуд.

XS
SM
MD
LG