Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси амниятӣ миёни Иттиҳоди Аврупо ва ОМ


Муколамаи сатҳи баланд дар масоили амниятӣ миёни Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ аз 10 то 12 март дар Душанбе баргузор мешавад. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, “ба хотири ширкат дар Муколамаи сатҳи баланд оид ба амният сафари ҳайатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Хадамоти амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо ба Душанбе сурат мегирад”.

Дар ҳамин ҳол дафтари матбуоти Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе ба Радиои Озодӣ иттилоъ дод, “дар муколамаи сатҳи баланд дар шаҳри Душанбе масоили таъмини амният дар минтақа ва таҳаввулоти ахир дар ҷаҳон мавриди баҳсу баррасӣ қарор мегирад”. Зеро ба таъкиди масъулони Иттиҳоди Аврупо, ин созмон аз таҳаввулоти ахир дар Украина ва фаъол шудани гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Ховари Миёна ба шиддат нигарон аст.

Ин аст, ки масъулони дафтари Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе изҳори умедворӣ мекунанд, баргузории Муколамаи сатҳи баланд дар масоили амният бо кишварҳои Осиёи Марказӣ роҳкорҳоеро барои таъмини суботу амният дар минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, баррасӣ ва тасмимотеро қабул хоҳад кард.

Муколамаи пешин моҳи июни соли 2013 дар Брюссел баргузор шуда буд, ки масоили амнияти минтақа пас аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистонро баррасӣ карда буд.

XS
SM
MD
LG