Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, гуфт, дар музокироти атомӣ бо Эрон баъзе пешрафтҳо ҳосил шудааст, вале барои расидан ба созиш дар ин замина “роҳи дарозе дар пеш аст.” Ҷон Керрӣ, ки дар ҳошияи нишасти Шӯрои Ҳуқуқи Башари Созмони Милал дар Женева сӯҳбат мекард, гуфт “фурсат дар ҳоли поён ёфтан аст”. Ӯ дар ин бора пеш аз идомаи музокирот дар бораи барномаҳои атомии Эрон сухан гуфт. Қарор аст, даври нави музокирот бо ҳузури Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон дар шаҳри Монтрои Швейтсария баргузор шавад. Амрикову Чину Русия ва Фаронсаву Бритониё ва Олмон дар бораи барномаҳои баҳсбарангези атомии Эрон бо ин кишвар гуфтӯгу доранд. Тарафҳо мехоҳанд, Эрон дар ивази сабуктар кардани таҳримоти байналмилалӣ, фаъолиятҳои атомиашро маҳдуд кунад. Қудратҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон қасд дорад, пинҳонӣ силоҳи атомӣ бисозад, вале Теҳрон ин иддаооро рад кардааст. Тарафҳо саъй доранд, то охири моҳи март чаҳорчӯби созиши атомӣ бо Эрон ҳосил шавад.