Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакили украиниро дар Маскав дастгир карданд


Дар остонаи раҳпаймоӣ ба хотираи Борис Немтсов, яке аз мухолифони давлати Русия, маъмурони пулиси Маскав Олексей Ҳончаренко, як вакили мардумии Украинаро дастгир кардаанд. Ӯро баъди муддате озод карданд, вале ӯ бояд рӯзи 2-уми март барои эълони иттиҳом ба додгоҳ ҳозир шавад ва ба гуфтаи вакили дифоаш мумкин аст, Ҳончаренкоро дигарбора дастгир кунанд. Кумитаи федералии тафтишоти Русия гуфт, вакили украиниро дар робита ба сӯхторе, ки соли гузашта ҳангоми тазоҳуроти тарафдорони ҳукумати Украина ва тарафдорони Русия дар шаҳри Одесса ба вуқӯъ пайваст бозпурсӣ кардаанд. Дар ин сӯхтор даҳҳо нафар аз ҷумла шаҳрвандони Русия кушта шуданд ва мақомоти Русия мегӯянд, ки Ҳончаренко дар ин сӯхтор дар зодгоҳаш даст дорад. Володимир Гройсман, раиси порлумони Украина гуфт, ки боздошти вакили украинӣ мухолифи қонунҳои байналмилалӣ аст, зеро ӯ бар асоси қонун, масунияти дипломатӣ дорад. Раиси порлумон аз Павло Климкин, вазири умури хориҷии Украина хост, ки барои озодии Олексей Ҳончаренко чораҳои фаврӣ биандешад.

XS
SM
MD
LG