САҲА дар гузориши худ роҷеъ ба интихоботи порламонии моҳи декабри соли 2014 Узбакистон навиштааст, ки ин интихобот дар сатҳи зарурӣ созмон дода шуда буд. Дар ин гузориш омадааст, Кумиссиюни марказии интихобот барои шаффофияти интихбот ва иттилоърасонии ҷомеа роҷеъ ба он корҳое анҷом додааст.
Бино ба ақидаи нозирон, пешниҳодҳои пешини БДИПЧ ҳангоми ворид овардани тағирот дар қонун дар бораи маъракаҳои қаблазинтихоботӣ ва тартиби райдиҳӣ дар назар гирифта шудааст.
Дар Узбакистон тибқи қонун масрафи номзадҳои интихоботиро давлат пардохт мекунад. Нозирон гуфтаанд, ки дар маҷмуъ ҷараёни райдиҳӣ ва шумориши орои райдиҳандагон шаффоф будааст.
Дар ин интихобот 535 намояндаи порламон интихоб шудаанд, ки 170 нафари онҳоро занон, яъне 31,8 дарсади намояндагони порламонро ташкил медиҳанд.
Ҳоло дар Узбакистон ҳайати маҳдуди нозирони САҲА яъне БДИПЧ барои назорат бар ҷараёни омодагӣ ва баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар ба фаъолият шуруъ кардааст. Ин интихобот 29 март баргузор мешавад.