Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зикра Алвоч мири Бағдод таъин шуд


Вазъ дар Бағдод хушунатбор аст.
Вазъ дар Бағдод хушунатбор аст.

Барои нахустин бор як зан дар курсии шаҳрдори Бағдод, пойтахти Ироқ нишаст. Намояндаи ҳукумати Ироқ рӯзи 21 феврал хабар дод, ки Зикра Алвоч, муҳандиси сохтмон ва дабири кулли вазири маълумоти олии кишвар, аз рӯзи якшанбе ба ифои вазифаи мири Бағдод шурӯъ мекунад.

Чанд рӯз пеш нахуствазир Ҳайдар Ибодӣ шаҳрдори Бағдод Наим Ал-Каабиро барои фасод ва афзоиши хушунат дар пойтахт аз мақомаш барканор кард.

Шаҳрдори Бағдод, таври маъмул, таҳти раҳбарии бевоситаи нахствазир фаъолият мекунад.

Хонум Алвоч дар ҳоле шаҳрдори Бағдод таъин мешавад, ки гурӯҳҳои дидбони ҳуқуқи башар аз нақзи ҳуқуқи занон дар Ироқ бонги хатар мезананд.

XS
SM
MD
LG