Дар раҳпаймоӣ ва гирдиҳамоии ҷунбиши “Антимайдан” дар Маскав, ки рӯзи шанбе, 21 феврал баргузор шуд, ба иттилои вазорати умури дохилии Русия, 35 ҳазор нафар ширкат карданд. Созмондиҳандагон теъдоди ҷамъомадагонро 50 ҳазор нафар гуфтаанд. Раҳпаймоӣ ва гирдиҳамоӣ ба солгарди, ба гуфтаи созмондиҳандаҳо,“табаддулоти давлатӣ” дар Украинаи ҳамсоя зери шиори “Як соли Майдон. Фаромӯш намекунем! Намебахшем!” баргузор шуд.
Бархе хабаргузориҳо бо такя ба шоҳидон навиштанд, ки бештари ширкаткунандагони намоиши эътирозӣ тавассути даҳҳо автобусҳо аз виллоятҳои атроф оварда шудаанд. Дар сафи аввали раҳпаймоҳо яке аз созмондиҳандагони маъракаи “Антимайдан” байкер Александр Залдостанов бо тахаллуси “Хирург” ва раҳбари ҷунбиши “Новороссия” сиёсатмадори украинӣ Олег Тсарёв қарор доштанд.
Як сол пеш бар асари намоишҳои эътирозӣ дар Киев раисиҷумҳури русгарои Украина Виктор Янукович ба Русия фирор кард.
Раисиҷумҳури феълии Украина Петро Порошенко ахиран Владислав Сурков, яке аз ёварони раисиҷумҳури Русияро дар он айбдор кард, ки ӯ гурӯҳи мерганҳои хориҷиро барои куштори афроди дар Майдони Киев ҷамъомада фиристодааст. Ӯ дар як маросим дар Киев гуфт, ки мақомоти Украина дар ин бора асноди заруриро зери даст доранд. Маскав ин изҳоротро “сафсата” номид.
Тақрибан як сол пеш Маскав нимҷазираи Қримро ба қаламрави Русия ҳамроҳ кард. Кремл аз ҷудоихоҳони рустабор дар Донбасс пуштибонӣ мекунад. Бар асари задухӯрдҳо дар шарқи Украина беш аз 5400 нафар ба ҳалокат расидаанд.