Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёт бар зидди Толибон оғоз шуд


Нерӯҳои амниятии Афғонистон амалиёти васеъмиқёсро барои маҳви Толибон дар ҷануби ин кишвар шурӯъ карданд. Ба гуфтаи вазорати дифоъ, амалиёт зери номи Зулфиқор рӯзи 16-уми феврал дар вилояти Ҳилманд, яке аз вилоятҳое оғоз ёфт, ки Толибон онҷо фаъол ҳастанд. Ба гуфтаи вазорат, амалиёт ҳамчунин дар вилоятҳои Қандаҳор, Фароҳ ва Урузгон сурат мегирад. Генерал Абдул Холиқ , фармондеҳи амалиёт гуфт, амалиётро худи афғонҳо тарҳрезӣ ва раҳбарӣ мекунанд ва то замоне, ки муввафақ нашаванд, онро идома медиҳанд. Толибон ҳар фасли баҳор, ҳамлаву бомбгузориро дар Афғонистон бештар мекунанд ва аз ин рӯ нерӯҳои Афғонистон тасмим гирифтаанд, қабл аз ин амалиётро ба зидди ҷангҷӯёни Толиб шурӯъ кунанд. Баъди анҷоми маъмурияти ҷангии нерӯҳои НАТО ва Амрико дар охири соли 2014 ин аввалин амалиёти васеъмиқёси нерӯҳои миллии Афғонистон бар зидди Толибон аст.

XS
SM
MD
LG