Ҳамла ба як ситоди полис дар шарқи Афғонистон дасти кам даҳ кушта бар ҷой гузошт. Динмуҳаммад Дарвеш, сухангӯи волии Лугар, гуфт, дар ин ҳамла, ки рӯзи 17 феврал сурат гирифт, чаҳор маргталаб ширкат доштанд. Ҳашт тан аз кормандони полис ҷароҳат бардоштаанд.
Аз ин пеш мансабдорони афғон дар бораи ҳалокати дасти кам шаш корманди полис бар асари ҳамла ба як постгоҳ дар вилояти ҷанубии Қандаҳор хабар доданд. Самим Хпалвок, сухангӯи волии Қандаҳор, гуфт, ки ҳамла шоми 16 феврал дар мавзеи Майвонд сурат гирифт. Ба гуфтаи ӯ, дар тирандозӣ мусаллаҳони толибон ҳам талафоти зиёд диданд. Нерӯҳои полис миқдори зиёди силоҳу тирро ғанимат гирифтанд.
Намояндагони ҷунбиши “Толибон” ин хабарро то ҳол ташреҳ накардаанд.
Дар Кобул рӯзи сешанбе бар асари таркиши бомб дар як мошин як нафар маҷрӯҳ шуд. Ба гуфтаи шоҳидон, ҳадаф як мансабдори ҳукуматӣ буд, ки аз ин ҳамла ҷон ба саломат бурд.