Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷангҷӯён як шаҳри Ироқро ишғол кардаанд


Вазорати дифои Амрико тасдиқ кард, ки ҷангҷӯёни Давлати исломӣ яке аз шаҳрҳои Ироқро ишғол кардаанд, ки дар наздикии пойгоҳи cарбозони Иёлоти Муттаҳида ҷойгир шудааст. Сухангӯи Пентагон рӯзи 13-уми феврал гуфт, ки дар воқеъ гурӯҳи Давлати исломӣ шаҳри Ал-Бағдодиро тассаруф кардааст ва бори аввал аст, ки дар чанд моҳи гузашта ба чунин пешравӣ ноил шудааст. Дар рӯзи ишғоли шаҳр ҷангҷӯёни гурӯҳи Давлати исломӣ ба пойгоҳи нерӯҳои амрикоӣ ва эътилофӣ бо номи Ал-Асад дар наздикии шаҳр ҳамлаи маргталабона анҷом доданд. Ба гуфтаи вазорати дифои Амрико, дар ин ҳамла дар рӯзи 13-уми феврал дар вилояти Анбор чанд ҷангҷӯ кушта шуданд. Аз нерӯҳои Ироқу Амрико касе осеб надидааст. Ба гуфтаи вазорати дифои Амрико, дар ин ҳамла чанд маргталаб ширкат кардаанд ва баъзе аз онҳо пеш аз тарконидани худ, аз тарафи нерӯҳои ироқӣ кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG