Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтор дар бинои Додгоҳи олии Тоҷикистон


Як қисми бинои Додгоҳи олии Тоҷикистон, ки дар он ҷо додситонии ноҳияи Фирдавсӣ ва додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе воқеъ аст, оташ гирифтааст. Насим Холмуродов, масъули дафтари матбуоти Додгоҳи олӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ҳодиса баъд аз зуҳри 13 феврал ва дар қисмати рости бинои додгоҳ рух додааст.

Мусоҳиби мо афзуд, ҳоло гуруҳи оташнишонӣ ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, оташро хомӯш кардаанд. Хабарнигори Радиои Озодӣ, ки дар ҷои ҳодиса қарор дорад, гуфт, теъдоди зиёди одамон ҳам ҷамъ омадаанд.

XS
SM
MD
LG