Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтӯгуи раҳбарони Аврупо дар бораи Украина


Раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо дар шаҳри Брюссел дар бораи тавофуқномаи сулҳ дар шарқи Украина, ки рӯзи 12-уми феврал дар шаҳри Минск ҳосил шуд, гуфтӯгу карданд. Дар мулоқот дар шаҳри Брюссел ва дар ҳамон рӯз сарони кишварҳои узв гуфтанд, ки созиши оташбас дар шарқи Украина бояд риоят шавад ва танҳо баъд аз ин масъалаи бардоштани таҳримҳо бар зидди Русияро баррасӣ мекунанд. Франсуа Олланд, раиси ҷумҳури Фаронса гуфт, “бисёр муҳим” аст, ки барои истиқрори сулҳ дар Украина фишор ҳамчунон идома ёбад. Рӯзи 12-уми феврал баъди мулоқоти тӯлонии Петро Порошенко, раиси ҷумҳури Украина, Владимир Путин аз Русия, Ангела Меркел садри аъзами Олмон ва Франсуа Олланд, тавофуқномаи сулҳ дар Украина ҳосил шуд. Бар асоси ин санад бояд рӯзи 15-уми феврал созиши оташбас миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷудоиталабони тарафдори Русия ба иҷро дарояд, танку тӯпхонаҳо аз минтақаҳои даргирӣ берун кашида шаванд ва ба манотиқи шарқии Украина мухторияти васеъ дода шавад.

XS
SM
MD
LG