Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико сафораташро дар Яман баст


Вазорати корҳои хориҷаи Амрико 11 феврал таъйид кард, ки ба далелҳои амниятӣ ва баъд аз гузаштани қудрат ба дасти гурӯҳи шӯришии шиа Амрико сафоратхонаи худро дар Яман бастааст.

10 феврал як мақоми амрикоӣ гуфт, сафорати ин кишвар дар Санъо-пойтахти Яман то замони буҳбуди вазъ фаъолияти худро бозмедорад.

Сафоратхонаҳои Британияву Фаронса ва Олмон низ гуфтаанд, ки баъзе ҳуҷҷатҳои худро интиқол медиҳанд ва кормандонашон дастмузди думоҳаи худро мегиранд ва ба рухсатӣ мераванд.

Шӯришиёни ҳусӣ аз моҳи сентябр ба ин сӯ назорат бар шаҳри санъоро дар ихтиёр доранд ва моҳи гузашта кохи раёсати ҷумҳуриро ба тасарруфи худ дароварданд. Ба дунболи он президент Абд Раббу Мансур Ҳодӣ ва ҳукумати вай ба истеъфо рафтанд.

6 феврал шӯришиён порламонро пароканда карданд ва як ҳукумат ва шӯрои давраи гузор ташкил доданд. Абдул Малик Ҳусӣ-раҳбари ҳусиҳо гуфт, ки бо ин кор “халои сиёсӣ”-ро пур мекунанд.

XS
SM
MD
LG