Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ду тоҷик бар асари сӯхтор дар Волгоград


Бар асари сӯхтор дар наздикии шаҳраки Самофаловка дар вилояти Волгогради Русия ду шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок шудаанд. Сӯхтори шаби 10 феврал вагонеро, ки ҷои хоби ин ду тоҷик буд, ба коми худ кашидааст. Ба гуфтаи мақомот, сабаби сӯхтор зоҳиран истифодаи нобуруди бухории барқӣ буда, ҷасади сӯхтаи мардикоронро субҳ пайдо кардаанд. Ин ду тоҷик дар заминҳои як фермери маҳаллӣ кор мекарданд ва ҳудуди 10 сол боз дар ҳамин вагон зиндагӣ мекарданд, вале сабти номи расмӣ то ҳол надоштаанд.

Ҳар сол дар Русия беш аз 1000 муҳоҷири тоҷик ба сабабҳои мухталиф вафот мекунанд. Ҷамъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия беш аз 1 миллион нафар гуфта мешавад.

XS
SM
MD
LG