Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Яман: Ҳусиҳо порлумонро пароканда карданд


Абдулмалик Ҳусӣ-раҳбари ҳусиҳои Яман
Абдулмалик Ҳусӣ-раҳбари ҳусиҳои Яман

Шӯришиёни шиаи Ҳусӣ дар Яман порламони ин кишварро 6 феврал пароканда карданд ва гуфтанд, ки як шӯрои раёсат ва ҳукумати муваққат ташкил медиҳанд.

Яке аз гурӯҳҳои аслии сисёсӣ ин корро табадуллот арзёбӣ кардааст. Шӯрои Амнияти СММ гуфт, ки аз чунин вазъ хеле нигаронкунанда аст. Шӯрои Амният тақозо кард, ки ҳар чӣ зудтар раиси ҷумҳур, нахуствавзир ва аъзои кобинаи Яман аз ҳабси хонагӣ раҳо шаванд.

Аз моҳи гузашта ба ин сӯ, вақте ки Абд Раббу Мансур Ҳодӣ-раиси ҷумҳур ва ҳукумати нахуствазир Холид Баҳа ба истеъфо рафтанд, ҳусиҳо Кохи раёсати ҷумҳуриро ба тасарруфи худ дароварданд ва вайро дар ҷои иқоматаш ба ҳабси хонагӣ гирифтанд, то назоратро шадидтар кунанд.

XS
SM
MD
LG