Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маслиҳат ва 100 миллион ваъдаи Бонки ҷаҳонӣ


Сароҷ Кумар Ҷҳа (дар байн)
Сароҷ Кумар Ҷҳа (дар байн)

Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон маслиҳат додааст, барои нигоҳ доштани суботи иҷтимоиву иқтисодӣ дар кишвар чораҳои муассири зиддибӯҳронӣ андешад. Сароҷ Кумар Ҷҳа - раҳбари Бонки Ҷаҳонӣ дар умури Осиёи Марказӣ дар мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон, ки 4 феврал дар Душанбе сурат гирифт, гуфтаааст, инчунин, онҳо то июни соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 100 миллион гранту қарзҳои боимтиёз хоҳанд дод.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои беруна, ҷонибҳо ба рушди бонизоми иқтисоди Тоҷикистон баҳои мусбат додаанд. “Гуфтугӯи судманд доир ба натиҷаҳои татбиқи Стратегияи рушди миллии Тоҷикистон барои то соли 2015 ва муайян намудани афзалиятҳои асосии пешрафт барои давраи то соли 2030 сурат гирифт”,-омадааст дар хабари торнамои расмии раиси ҷумҳури Тоҷикистон.

Бонки Ҷаҳонӣ ҳоло дар Тоҷикистон бо харҷи 185,1 миллион доллар 12 тарҳи сармоягузориро роҳандозӣ кардааст. Сароҷ Кумар Ҷҳа афзудааст, Бонки Ҷаҳонӣ минбаъд низ аз рушди босуботи Тоҷикистон дастгирӣ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG