Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

$100 000 ёрии Амрико ба марзбонҳои тоҷик


Бахши байналмилалии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Сафорати Амрико дар Душанбе (INL) ба Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хаймаҳои ҳарбӣ ва воситаи нақлиётро ҳадя намудааст.

Дафтари матбуоти сафорати Амрико дар Душанбе мегӯяд, ин васоил, ки арзишаш тақрибан 100 000 доллар мебошад, иқтидори техникии нерӯҳои марзбониро дар таъмини амнияти марзҳои Тоҷикистон боло хоҳад бурд.

Ба қавли манбаъ, ҳукумати Амрико тасмим гирифтааст, дастгирии сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва адлияи Тоҷикистонро идома дода, дар таъмини амнияти ҳамаи шаҳрвандони он ҳамкорӣ кунад. Аз соли 1992 ба ин сӯ мардуми Амрико тавассути барномаҳо ва кумакҳои башардӯстона барои дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодии Тоҷикистон беш аз 1 миллиард доллари амрикоӣ ҷудо намудаанд.

XS
SM
MD
LG