Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия хариди газ аз Осиёи Миёнаро кам мекунад


Александр Медведев-муовини раиси ҳайати раисаи “Газпром”-и Русия мегӯяд, ки кишвараш нақшаи харидории гази Туркманистон ва Узбакистонро бояд коҳиш диҳад. Ба гуфтаи вай, ҳеҷ зарурате барои харидории гази кишварҳои хориҷӣ вуҷуд надорад.

Вале вай илова кардааст, ки барои нигоҳ доштани муносибат бо ҳамсоягон онҳо хариди газро аз Осиёи Миёна идома медиҳанд. Ба гуфтаи Медведев, Русия ба нақша гирифтааст, ки аз Туркманистон ба ҷои 10 миллиард метри мукааб 4 миллиард метри муккааб газ харидорӣ кунад.

Вале Русия аз Узбакистон 1 миллиард метри муккааб газ хоҳад гирифт, ки он чаҳор баробар камтар аз мъёри маъмулист.

XS
SM
MD
LG