Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Синдзо Абэ: Терроризмро эътироф намекунем


Синдзо Абэ
Синдзо Абэ

Синдзо Абэ, нахуствазири Ҷопон, рӯзи 1 феврал изҳор намуд, ки кишвараш терроризмро эътироф намекунад ва пуштибонӣ аз кишварҳоеро, ки бо гурӯҳи “Давлати исломӣ” мубориза мебаранд, густариш хоҳад дод.

Изҳороти Абэ – вокуниш ба навори видеоие дар интернет дар бораи қатли бераҳмонаи хабарнигори ҷопонӣ Кендзӣ Гото буд. Тақрибан як ҳафта пеш ситезаҷӯён дигар гаравгони ҷопонӣ Ҳаруна Юкаваро эъдом карда буданд.

Қотилони Кендзӣ Гото гуфтанд, ки онҳо ба ин васила аз Ҷопон барои кӯмакаш ба Эътилофи байнулмилалии таҳти фармони Амрико интиқом мегиранд.

Кендзӣ Гото, хабарнигорва синамогари маъруфи ҷопонӣ, моҳи октябри соли гузашта ба Сурия рафта буд. Бар пояи бархе хабарҳо, ӯ мехост гаравгон Ҳаруна Юкаваро наҷот диҳад, аммо худ ба дасти ситезаҷӯён уфтод.Токио аз иҷрои талаби “Давлати исломӣ” - раҳо кардани ин ду шаҳрвандаш ба ивази пардохти 200 миллион доллар, сарпечӣ кард.

Як рӯз пеш хабарҳое дар бораи имкони раҳоии Гото ва халабони асируфтодаи урдунӣ Муаф ал-Касеасбеҳ дар ивази аз маҳбаси Урдун раҳо кардани Соҷида ал-Ришавӣ, як зани гумонбар дар чанд ҳамлаи террористӣ, нашр шуда буданд. Хонаводаи ал-Касеасбеҳ баъд аз хабари эъдоми гаравгони ҷопонӣ аз ҳукумати Урдун хост, ки музокирот дар бораи раҳоии ӯро тезонад. Мақомоти Уммон гуфтанд, ки онҳо музокиротро барои раҳоии халабон идома медиҳанд ва барои иваз кардани ӯ бо Соҷида ал-Ришавӣ омодаанд.

Соҷида ар-Ришавӣ баъд аз талоши номуваффақи ҳамлаи террористӣ боздошт шуд ва ҳоло дар як маҳбаси Урдун нигаҳ дошта мешавад. Ӯ дар таҳияи як ҳамлаи маргталабона дар Уммон, пойтахти Урдун, дар даҳ соли пеш айбдор мешавад. Дар он ҳамла 60 нафар ба ҳалокат расида буданд.

XS
SM
MD
LG