Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти собиқи Олмон аз олам даргузашт


Раисиҷумҳури собиқи Олмон Рихард фон Вайсзеккер рӯзи шанбе дар синни 94-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора расонаҳои олмонӣ бо такя ба пайвандони ӯ ва дафтари раёсатҷумҳурӣ хабар доданд. Вайсзеккер тайи даҳ сол – аз соли 1984 то соли1994 раисиҷумҳури Олмон буд. Аз ин пеш ӯ бургомистри Берлини Ғарбӣ буд.

Рихард фон Вайсзеккер бо суханронияш дар Бундестаг бахшида 40-солагии хатми ҷанги дуввуми ҷаҳон маъруф шуд. Ӯ ион вақт изҳор намуд, ҳамаи мо новобаста он ки гунаҳкорем ё не, ҷавонем ё пир, бояд гузаштаи худро қабул дошта бошем. Аз ин гузашта ҳамаи мо осеб дидаем ва барои он масъулият дорем». Вайсзеккер рӯзи таслими Олмон - 8 майи соли 1945-ро «Рӯзи озодии кишвар» номида буд.

XS
SM
MD
LG