Тайи як шабонарӯзи гузашта бар асари даргириҳо дар шарқи Украина панҷ низомии украинӣ кушта ва 39 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Дар ин бора рӯзи панҷшанбе намояндаи ситоди амалиёти зиддитеррористӣ Андрей Лисенко хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, ҳамлаҳо аз сӯи ҷудоихоҳон каме коҳиш ёфтаанд. Андрей Лисенко афзуд, ки дар қаламрави таҳти назорати ҷудоихоҳон шумораи мушовирони низомии артиши Русия афзоиш ёфтааст.
Дар ҳамин ҳол, хабаргузориии УНН бо такя ба маркази матбуоти амалиёти вижа, навишт, ки ҷудоихоҳон аз таҷҳизоти «Град» шаҳри Дебалсеворо мушакборон карданд. Қаблан Интерфакс аз қавли ҷудоихоҳон хабар дода буд, ки онҳо бахши шимолу шарқи ин шаҳрро таҳти назорат қарор додаанд.
Шоми панҷшанбе дар Фейсбук хабаре нашр шуд, ки ҷудоихоҳони рустабор аз як постгоҳи нерӯҳои украинӣ дар масири Горловка гузашта, ба шаҳри Углегорск ворид шудаанд. Даргириҳо дар ин шаҳр идома доранд.