Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сатҳи озодӣ дар саросари ҷаҳон поин рафтааст


Фридом Ҳаус яке аз ниҳодҳои дидбони ҳуқуқи башар ва демократия марказаш дар Амрико дар гузориши солонаи худ мегӯяд, ки озодиҳои башар дар соли 2014 ба савияи “нигаронкунанда” поин рафтааст. Сурия кишвари аз ҳама ноозод ва Русия барои “таҷовуз” ба Украина кишвари поймолкунандаи демократия арзёбӣ шудааст.

Дар гузориши солонаи худ Фридом Ҳаус мегӯяд, ки ҳамлаҳои террористӣ афзоиш ёфтааст ва корбурди шеваҳои таҳдидомез аз тарафи режимҳои худкома тақрибан дар ҳамаи минтақаҳои сайёра дар соли 2014 “таҳқир ба меъёрҳои демократия”-ро бештар кардааст.

Гузориши солонаи Фридом Ҳаус 28 январ ба нашр расид ва дар он вазъи озодӣ дар 195 кишвар ба баррасӣ гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG