Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷуно" нақлиёти Ню-Йоркро аз ҳаракат боздошт


Дар шаҳри Ню-Йорк бар асари резиши барфи зиёд рӯзи сешанбе ҳаракати ҳама навъҳои нақлиёт, ба ғайр аз мошинҳои хадамоти наҷотбахшӣ, манъ карда шуд. Ҳаракати қаторҳо дар метрои шаҳр ҳам мутаваққиф шудааст.

Ҳавосанҷони амрикоӣ мегӯянд, ки бар асари тундбоди “Ҷуно” дар дигар шаҳрҳои воқеъ дар шимолу шарқи ИМА ҳам соатҳои наздик баландии барф то 90 сантиметр мерасад ва шиддати шамол то 120 километр дар як соат хоҳад буд.

Мақомоти маҳаллӣ аёлатҳои Ню-Йорк, Ню-Ҷерсӣ, Коннектикут, Род-Айленд, Массачусетс ва Ню-Ҳампшир вазъи фавқулодда эълон карданд. Дар ин манотиқ тақрибан 60 миллион нафар ба сар мебаранд.

Хадамоти ҳавосанҷии ИМА ҳушдор медиҳад, ки барфбоди “таърихӣ” ба дигар манотиқи шимолу шарқи кишвар наздик мешавад.

XS
SM
MD
LG