Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фишори Ғарб ба Русия афзоиш меёбад


Ҳукуматҳои кишварҳои ғарбӣ фишор ба Русияро афзоиш доданд, то зимоми ҷудоиталабон дар шарқи Украинаро ба даст гирад, ки онҳо ҳамлаҳоро дар ин самти кишвар афзоиш додаанд. Аммо ҳукумати Русия ба талаби кишварҳои ғарбӣ бо хашм посух дод ва ҳукумати Украинаро гунаҳкори авҷ гирифтани ҷангҳо номид. Дар ду ҳафтаи гузашта дар муноқиша миёни ҷудоиталабони тарафдори Русия ва нерӯҳои давлатии Украина тақрибан 300 нафар кушта шуданд. Ҳукумати Русия гуфт, ки “таҳдидҳои” кишварҳои ғарбӣ бо таҳримоти сахттари иқтисодӣ алайҳи Русия натиҷа намедиҳанд. Дар муноқиша дар шарқи Украина, ки моҳи апрел шуруъ шуд, то кунун 5 ҳазор нафар кушта шудаанд. Франк Валтер Штейнмейер, вазири умури хориҷии Олмон рӯзи 26-уми январ аз Русия хост, ба ҷудоиталабон возеҳ бигуяд, ки ҷангро бас кунанд ва муқаррароти созиши оташбаси моҳи сентябрро иҷро намоянд. Яке аз пешвоёни ҷудоиталабони Русия аз ин пеш гуфт, онҳо қасд доранд, тамоми вилояти Донетскро ишғол кунанд.

XS
SM
MD
LG