Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмони иқтисодии Авруосиё барҳам хӯрд


Думаи Давлатии Русия дар иҷлоси худ қарордод дар бораи қатъи фаъолияти Созмони иқтисодии АвруОсиёро ба тасвиб расонд. Ин санадро раиси ҷумҳури Русия ба Дума фиристода буд. Дар ин бора хабаргузориҳои ин кишвар гузориш додаанд.

Дар ин созмон Беларусу Қазоқистон, Қирғизистону Тоҷикистон ва Русия узвият доштанд ва он 10 октябри соли 2000 ташкил шуда буд. Қарордод дар бораи қатъи ин созмонро 10 октябри соли 2014 дар Минск имзо карданд.

Дар ин гузоришҳо гуфта мешавад, ки ба ҷои ин созмони иқтисодӣ акнун аз 1 январи соли 2015 Иттиҳодияи иқтисодӣ фаъолият хоҳад кард.

Ҳоло ба ин иттиҳодияи «нав» Русияву Беларус ва Қазоқистону Арманистон дохил мешаванд.

XS
SM
MD
LG