Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаластинӣ 12 сокини Тел-Авивро маҷрӯҳ кард


Полиси Исроил хабар дод, ки бар асари ҳамлаи як фаластинӣ ба мусофирони автобус дар Тел-Авив 12 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Табибон вазъи се нафар аз маҷрӯҳонро вазнин арзёбӣ мекунанд.

Ҳамла рӯзи 21 январ аз сӯи марди 23-солаи сокини шаҳри Тулкарам, воқеъ дар Каронаи бохтарии руди Урдун, сурат гирифт, ки ба иттилои полис, ғайриқонунӣ вориди Исроил шудааст. Як афсари исроилӣ ҳамлагарро аз пояш маҷрӯҳ кард.

Нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу дар ин ҳамла мақомоти Идораи худгардони Фаластинро айбдор намуд ва гуфт, ки он натиҷаи таҳрик додани фаластиниҳо алайҳи яҳудиҳо ва давлати онҳост.

Иззат ал-Ришек, узви Бюрои сиёсии ҷунбиши ҲАМОС, ҳамлаи фаластинӣ ба мусофирони автобусро “амали қаҳрамонӣ” унвон кард ва гуфт, ки ин посухи табиӣ ба ҷиноятҳо ва амалҳои террористии Исроил алайҳи фаластиниҳост.

XS
SM
MD
LG