Попи Рум Франсиск рӯзи якшанбе, 18 январ, дар шаҳри Манила, пойтахти Филиппин зери осмони соф ниёиш анҷом дод, ки дар он ба иттилои мақомоти маҳаллӣ, теъдоди рекордӣ -шаш миллион нафар ширкат доштанд.
Гуфта мешавад, ки издиҳоми бузурги мардум ҳанӯз чанд соат пеш аз шурӯи ниёиш ва мавъизаи Попи Рум дар Рисал-Парк ҷамъ омаданд. Аз ин пеш, соли 1995 дар ҳамин гуна ниёиши Попи Рум Иоанн Павели 2 дар Рисал-Парк тақрибан 5 миллион нафар ҷамъ омада буданд.
Ниёиши Франсиск ба қурбониёни офатҳои табиӣ дар Филиппин бахшида шуд. Бар асари тӯфони шадид дар ҷазираи Лейтеи Филиппин тирамоҳи соли 2013 беш аз 7300 нафар кушта ваё беному нишон шуданд.
Попи Франсиск субҳи рӯзи 18 январ аз донишгоҳе дидан кард, ки аз сӯи калисои католикӣ идора мешавад. Дар ин донишгоҳ, аз ҷумла, ҷавононе таҳсил мекунанд, ки қаблан бесарпаноҳ буданд ва дар хиёбонҳо ба сар мебурданд.