Дэвид Камерон, нахуствазири Бритониё, мегӯяд, бо изҳороти Попи Рум Франсиск, ки дини дигаронро набояд масхара кард, розӣ нест. Раҳбари католикҳои ҷаҳон рӯзи панҷшанбе зимни сафараш ба Филиппин дар сӯҳбатбо хабарнигорон дар ҳавопаймо бо ишора ба ҳамла ба маҷаллаи “Шарлӣ Эбдо” гуфт, озодӣ ягона ҳаққи инсонҳо нест, балки ҳар фард муваззаф аст, ки бо баёни афкори худ ба хайру манфиати ҷомеа мусоидат кунад. Ба гуфтаи Попи Рум, нафаре, ки каси дигарро таҳқир мекунад, бояд интизори ҷавоб бошад. “Агар, бигирем, дӯсти хуби ман доктор Гаспаррӣ ба модарам дашном бидиҳад, аз ман як мушт хоҳад хӯрд", изҳор намуд Поп Франсиск..
Аммо, ба гуфтаи Дэвид Камерон, дар ҷомеъаи озод одамон ҳақ доранд, ки эҳсосоти мазҳабии дигаронро таҳқир кунанд. Ӯ шоми шанбе дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии амрикоии CBS гуфт, “ман насрониям, агар касе дар ҳаққи Исои Масеҳ чизи таҳқиромезе бигӯяд, ин барои ман таҳқиромез менамояд, вале дар ҷомеъаи озод ман наметавонам барои ин интиқом гирам”.
Ба гуфтаи Камерон, “расонаҳо ҳақ доранд матолиберо нашр кунанд, ки барои касе таҳқиромез менамоянд ва шарт фақат ин аст, ки расона қонунро вайрон накарда бошад”.
Бар асари ҳамла ба идораи маҷаллаи "Шарлӣ Эбдо" рӯзи 7 январ 12 нафар, аз ҷумла, ҳашт корманди маҷалла кушта шуданд. Миёни онҳо - сардабири маҷалла Стефан Шарбонье маъруф ба “Шарб” ва рассомон Жан Кабу, Жорж Волински ва Бернар Верлакё "Тину" ҳам буданд.
Омилони ҳамла бародарон Саид ва Шариф Кучӣ рӯзи ҷумъа дар амалиёти вижаи полис кушта шуданд. Онҳо ба ин амал дар вокуниш ба нашри тасвирҳои танзомези Паёмбари ислом дар ин маҷалла даст задаанд.
Баъд аз як ҳафтаи ҳамла "Шарлӣ Эбдо" тасвири нави танзомези Паёмбари исломро нашр кард.