Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Керрӣ хотираи қурбониёни Порисро гиромӣ дошт


Вазири умури хориҷии Амрико, Ҷон Керрӣ,дар сафаре ба Порис ҳамраъйии кишвари худро бо мардуми Фаронса дар робита ба ҳамлаи марговари ситезаҷӯёни исломӣ дар ҳафтаи гузашта, ки 17 кушта ба ҷой гузошт, эълом дошт. Керрӣ раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Олландро канор гирифт ва гуфт, кишвараш ҳамдарди Фаронса аст. Олланд гуфт, Иёлоти Муттаҳида бояд якҷо бо Фаронса зидди тундгароӣ мубориза кунад. Керрӣ дар сӯҳбат бо ҳамтои фаронсавии худ Лорен Фабиус гуфт, бино бар сафарҳои дигараш натавонист дар раҳпаймоии 11-уми январи Порис ширкат кунад. Керрӣ ба назди идораи маҷаллаи ҳаҷвии “Шарлӣ Эбдо” ва фурӯшгоҳи яҳудӣ гулдаста гузошт. Дар ин байн шабии гузашта дар Фаронса 12 нафар бо гумони ёрмандӣ ба ҳамлаҳои террористӣ боздошт шуданд. Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида зери танқид буд, ки намояндаи аршади худро барои ширкат дар раҳпаймоии 11-уми январи Порис нафиристод. Дар ин раҳпаймоӣ зиёда аз 1 миллион нафар, аз ҷумла сарони 40 кишвар ширкат карданд.

XS
SM
MD
LG