Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон узви Бонки осиёии сармоягузорӣ шуд


Нахустин ҷаласаи Бонк дар Пекин. 24 октябри соли 2014
Нахустин ҷаласаи Бонк дар Пекин. 24 октябри соли 2014

Тоҷикистон рӯзи 15 январ дар анҷумани Мумбай расман ба аъзои баробарҳуқуқ ва муассисони Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ (Asian Infrastructure Investment Bank, AIIB) пазируфта шуд. Дар ин ҷаласаи бонк дар Мумбай ҳайати Тоҷикистонро муовини вазири молияи ин кишвар Наимӣ Аламхони Қодириён раҳбарӣ мекард.

Ёддошти тафоҳум дар бораи таъсиси Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ дар моҳи октябри соли 2014 аз сӯи Чин ва 21 кишвари дигари қораи Осиё, бо шумули Қазоқистону Узбакистон ва Ҳинду Покистон имзо шуда буд. Чин, ки зоҳиран як маблағгузори асосии ин ниҳоди нави молӣ хоҳад шуд, Бонки осиёии сармоягузориро як навъ алтернативаи Бонки ҷаҳонӣ мебинад. Чин гуфтааст, ки омода аст бахши аъзам ваё ҳатто ҳамаи 50 миллиард доллари лозим барои оғози фаъолияти ин бонкро ҷудо кунад.

XS
SM
MD
LG