Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Содироти пиёз – аз Тоҷикистон ба Русия


Пиёз – аз Тоҷикистон ба Русия
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:50 0:00

Масъулони Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегӯянд, махсус барои содироти пиёз аз кишвар ба Русия ҳаҷми кишти онро 5 ҳазор гектар зиёд кардаанд. Сиҷоуддин Исроилов, ноиби вазири кишоварзӣ, 15 январ дар нишасти хабарӣ иқрор кард, ки баъд аз таҳримҳои Иттиҳоди Аврупову Амрико алайҳи Русия таваҷҷуҳи Маскав ба маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон афзудааст. “Агар аз ҳар гектар ба ҳисоби кам 30-тоннаӣ ҳосил гирем, 150 тонна ҳосил мешавад. Аммо то ба 50 тонна ҳосил ҳам дар назар аст, ки ин маҳсулоти содиротӣ махсус ба Русия нигаронида шудааст”,-гуфт Исроилов.

Муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон илова кард, алакай 2 ҳазор гектар пиёз кишт карда шудааст ва дар кишти баҳорӣ боз 3 ҳазор гектар дар назар аст. Ба қавли ӯ, аз ин ба баъд ҳамагуна маҳсулоти кишоварзӣ бештар ба Русия содирот мешавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки солҳои қабл Русия ворид кардани хушкмеваро аз Тоҷикистон то ҷое маҳдуд карда буд, аммо Сиҷоуддин Исроилов гуфт, соли гузашта чунин ҳолат ба назар нарасидааст: “Як давраҳои муайян чунин мушкилӣ эҷод мекарданд, аммо имсол ҳоло аз байн рафтааст.”

Ба иттилои масъулони ин ниҳоди давлатӣ, соли гузашта боз 6 ҳазор гектар замин дар ноҳияи Данғара ва 15 гектар заминҳои кишовразии Ваҳдат ба шаҳрвандони Чин ба иҷора дода шудааст. Қаблан ба чиниҳо аз ноҳияҳои Ёвон, Румӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ ҳудуди 500 гектар заминро барои иҷора дода буданд.

XS
SM
MD
LG