Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Истамбул аз як таркиш ҷилавгирӣ шуд


Полиси Истамбул рӯзи шанбе дар канори як маркати тиҷоратӣ як бомбро безарар гардонд. Ба иттилои хабаргузории France-Presse, маводи таркандаи дасткоришуда дар назди маркази тиҷоратии минтақаи Башакшаҳр, воқеъ дар ғарби Истамбул, ошкор шуд.

Дар шаҳри Истамбул баъд аз ҳамлаи террористие, ки рӯзи сешанбе дар мавзеъи қадимаи Султонаҳмад рӯй дод, аз чораҳои шадиди амниятӣ кор гирифта шудааст. Ҳангоми ҳамлаи маргталабона, ки ба иттилои рӯзномаи «Ҳуррият», аз сӯи шаҳрванди Русия Диана Рамазова, анҷом шудааст, як корманди полис ба ҳалокат расид.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG