Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Валлс аз нерӯҳои муқовимат бо террор интиқод кард


Мануэл Валлс.
Мануэл Валлс.

Мануэл Валлс, нахуствазири Фаронса, камбудиҳо дар фаъолияти нерӯҳои вижаи муқовимат бо терроризмро иқрор намуд ва гуфт, ки дар се рӯз бар асари ҳамлаҳои террористӣ дар кишвар 17 нафар ба ҳалокат расиданд. Ӯ дар як сӯҳбат бо шабакаи телевизионии BFM рӯзи шанбе, 10 декабр, афзуд, ки ҳукумати Фаронса бояд ин ҳаводисро таҳлилу баррасӣ кунад.

Бар асари ҳамла ба идораи маҷаллаи "Шарли Эбдо" рӯзи 7 январ 12 нафар, аз ҷумла, ҳашт корманди маҷалла ба ҳалокат расиданд. Гумонбари ин ҳамла бародарон Саид ва Шариф Куашӣ рӯзи ҷумъа дар амалиёти вижаи полис дар шаҳри Даммартэн-ан-Гуэл кушта шуданд.

Дар ҳамин ҳол полиси Фаронса ҷустуҷӯи Ҳаёт, шарики эҳтимолии омили ҳодисаи дигар – гаравгонгирӣ дар мағозаи яҳудиҳо Амедӣ Кулибалиро идома медиҳад. Ҳаёт Бумеддиени 26-сола, ки бар пояи бархе хабарҳо, ҳамсари Амедӣ аст, дар ҳамдастӣ бо террорист муттаҳам мешавад. Ба иттилои полис, хонум Ҳаёт мусаллаҳ ва басо хатарнок аст. Як манбаъ дар полиси Порис рӯзи шанбе хабар дод, ки Ҳаёт Бумеддиенро на миёни кушташудагон ва на миёни маҷрӯҳон пайдо накардаанд. Дар амалиёти полис чаҳор гаравгон ва Кулибалӣ ба ҳалокат расиданд.

Амедӣ Кулибалӣ дар куштори як хонуми полис ҳам муттаҳам мешуд.

XS
SM
MD
LG