Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизҳо ва украиниҳо бо шиносномаи кӯҳна вориди Русия мешаванд


Константин Ромодановский-раиси Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия гуфтааст, ки дар соли 2015 шаҳрвандони Қирғизистону Украина ҳамчунон бо шиносномаҳои дохилии худ метавонанд ба Русия рафту омад кунанд.

Шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистон ва кишварҳои дигар танҳо бо шиносномаи хориҷӣ ба қаламрави Русия ворид мешаванд. Ромадановский дар ин бора дар мусоҳибае бо рӯзномаи “Российская газета” изҳори назар кардааст.

Ба Беларус ва Қазоқистон ҳам, ки ба узвияти Иттиҳодияи АвруОсиё даромадаанд, қонуни нав дахл надорад ва шаҳрвандони онҳо низ бо шиносномаҳои дохилии худ метавонанд вориди Русия шаванд.

XS
SM
MD
LG