Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷустуҷӯи ҳавопаймои ғайбзадаи AirAsia идома дорад


Ду ҳавопаймои ҷангии нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии Индонезӣ ба ҷустуҷӯи ҳавопаймои ғайбзадаи ширкати AirAsia дар болои уқёнуси Ҳинд шурӯъ карданд. Ҳавопаймои Airbus 320, ки аз шаҳри Сурабайи Индонезӣ ба Сингапур парвоз мекард, субҳи якшанбе аз радарҳо ғайб зад.

Ба иттилои хабаргузории Рейтер, дар ҳавопаймо 162 мусофир ва сарнишин ҳузур доштанд. Индонезия ва Сингапур ба таври оҷил ба ҷустуҷӯи ҳавопаймои ғайбзада шурӯъ карданд, аммо то ҳол нишоне аз он пайдо нашудааст.

AirAsia як ширкати ироакунандаи парвозҳои арзони хусусӣ дар Малайзия аст ва дар 100 масир ба 22 кишвари олам парвозҳо анҷом медиҳад.

Бори саввум дар соли равон ҳавопаймоҳои Малайзия нопадид ё ва ба садама дучор мешаванд. Рӯзи 8 март ҳавопаймои ширкати Malaysia Airlines, ки бо 239 мусофирғу сарнишин аз Куала-Лумпур ва Пекин парвоз мекард, ғайб зад. 17 июл дар шарқи Украина ҳавоипаймои Боинг 777-и ҳамин ширкат суқут кард. Дар ин фоҷиа 289 сарнишину мусофир, ки аз Амстердам ба Куала-Лумпур парвоз мекарданд, ҷон бохтанд. Украина ва кишварҳои арбӣ дар ин ҳодиса ҷудоихоҳони рустаборро айбдор мекунанд. Аммо Русия дар суқути Боинг-777 низомиёни украиниро муттаҳам мехонад.

XS
SM
MD
LG