Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Димишқ барои гуфтугӯ бо мухолифонаш дар Маскав омода аст


Расонаҳои давлатии Сурия мегӯянд, ки ҳукумати Димишқ барои ширкат дар музокироти сулҳ ва гуфтугӯ бо мухолифини сиёсияш дар шаҳри Маскав омода аст. Хабаргузории SANA рӯзи 27 декабр бо истинод ба як масъули вазорати умури хориҷии Сурия хабар дод, ки ҳукумат барои ҳузур дар мулоқоти машваратӣ дар Маскав омода аст, то талоши суриягиҳо барои бурунрафт аз бӯҳрони феълиро собит намояд.

Ду рӯз пеш вазорати умури хориҷии Русия иттилоъ дод, ки мехоҳад охирҳои моҳи январ музокироти ҳайатҳои ҳукумат ва мухолифини давлати Сурияро доир намояд. Ҳанӯз маълум нест, ки ягон гурӯҳи мухолифи Башор Асад ба ин музокирот меояд ё на.

Бар асари ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия дар тақрибан чаҳор соли ахир беш аз 200 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

XS
SM
MD
LG