Елена Гремина, раҳбари ва таҳиягари “Театр.doc” рӯзи 27 декабр дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, ки театр ба зудӣ ба як бино дар маҳаллаи таърихии Разгуляй, воқеъ дар байни истгоҳҳои метрои “Бауманская” ва “Красные ворота”мекӯчад. Ба навиштаи ӯ, раҳбарони театр ин бинои таърихии қарни 18-ро бо ёрии тамошобинон пайдо карданд ва қарор аст, ки мавсими нави театрӣ дар он ҷо моҳи феврали соли оянда ифтитоҳ шавад. Ба гуфтаи масъулини театр, баҳси онҳо бо шаҳрдорӣ бо пирӯзии театр ва тамошобинон поён меёбад.
Аз ин пештар “Театр.doc” тайи 12 сол дар як таҳхона дар тангкӯчаи Трехпрудний ҷойгир шуда буд. Аввалҳои моҳи декабр шаҳрдории Маскав аз театр талаб кард, ки таҳхонаро тарк кунад. Аз ин пештар Раёсати молу амволи шаҳрдорӣ бо далели “азнавсозии ғайриқонунии таҳхона” қарордод бо театрро лағв кард. Раҳбарони пойтахт хоҳиши масъулини театрро, ки ба онҳо барои ислоҳи камбудиҳо фурсат диҳанд, нодида гирифтанд.
Аз “Театр.doc” ҳунармандони маъруфи кишварҳои гуногун, аз ҷумла, драмнависи бритониёвӣ Том Стоппард, мунаққаиди театр аз Амрико Ҷон Фридман, ҳунарманди рус Оксана Мисина, Иттиҳодияи адибони Русия, раҳбарони бадеии театрҳои академии Маскав ва 200 драмнависи рус пуштибонӣ карданд, зери матни муроҷиат ба шаҳрдори Маскав Сергей Собянин барои дифоъ аз театр шашу ним ҳазор истифодабарандагони интернет имзо гузоштанд. Аммо ин ҳама ҳимояту пуштибонӣ дили масъулини шаҳрдориро нарм накард.
“Театр.doc”, аз театрҳои ангуштшумор аст, ки дар жанри мустанад фаъолият мекунад ва бештари намоишномаҳояш дар пояи саргузаштҳои воқеъӣ ва сарнавишти одамони гуногун ба саҳна гузошта мешаванд. Яке аз намоишномаҳои “Соати 18” аз соатҳои ахири умри ҳуқуқшинос Сергей Магнитский, ки дар як боздоштгоҳи Маскав ба ҳалокат расида буд, қисса мекунад.
Зимнан, як намоишномаи “Театр.doc” моҳи апрели соли равон ба се муҳоҷири тоҷик Покиза Қурбонҳусейнова, Аҷам Чаккабоев, Абдулмамад Бекмамадов, ҳамчунин ба муаллифу ҳунарпешаҳои дигари намоишномаи “Оқин-опера”-и Всевоволод Лисовский ҷоизаи бонуфузии театрии “Золотая маска” (“Ниқоби тилоӣ”)-ро овард. Онҳо амалан нахустин ҳунарпешаҳои тоҷиканд, ки сазовори ин ҷоизаи мӯътабари театрии Русия шуданд. Расми эътои ҷоизаҳои “Ниқоби тилоӣ” рӯзи 18 апрел дар Болшой Театр доир шуда буд.
Покиза Қурбонҳусейнова, Аҷам Чақабоев ва Абдулмамад Бекмамадов дар солҳои 90 дар Тоҷикистон дар театри Хоруғ бозӣ мекарданд. Покиза як муддат собиқаи кор дар театри “Ганҷина”-и Душанберо ҳам доштааст, вале ҳарсе бо амри тақдир дар соли 2000 ба Русия муҳоҷират кардаанд ва маъмулан ин ҳама сол дар инҷо ягон кори сиёҳеро анҷом медоданд.
Аҷаму Абдулмамад дар сохтмон ва Покиза ба ҳайси фаррош кор мекарданд. Соли 2009 ишқи театр онҳоро ба “Театр.doc” овард.
Қаҳрамонҳои тоҷики "Оқин-опера" дар ин намоиш аз саргузаштҳои худ дар Тоҷикистон ва Русия қисса мекунанд ва дар лобалои ин қиссаҳои талху ғамангез бо созҳои миллӣ таронаҳо низ маҳзунеро иҷро мекунанд. “Оқин-опера” сужаи собите надорад, балки дар бештари мавридҳо бадоҳатан иҷро мешавад ва бозигаронаш дар саҳна он чиро бозӣ мекунанд, ки ҳамон лаҳза аз зеҳни онҳо мегузарад.