Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бан Ки Мун хостори мораторий барои ҳукми қатл дар Покистон шуд


Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ, аз Покистон даъват кард, ки мораторий барои иҷрои ҳукми қатлро эҳё кунад. Сухангӯи ӯ Стефан Дужаррик рӯзи 27 декабр гуфт, ки шоми шанбе Бан Ки Мун бо нахуствазири Покистон Навоз Шариф сӯҳбати телефонӣ дошт ва аз ӯ хост, ки иҷрои ҳукми эъдомро дар кишвар қатъ кунад. Навоз Шариф ваъда дод, ки дар Покистон ҳама меъёрҳои ҳуқуқӣ риоя мешаванд, аммо дар бораи эълони дубораи мораторий барои ҳукми эъдом чизе нагуфт.

Навоз Шариф баъд аз ҳамлаи маргбори толибон ба як мактаби ҳарбӣ дар шаҳри Пешовар мораторий оид ба иҷрои ҳукми қатлро бекор кард. Дар он ҳамла, ки рӯзи 16 декабр сурат гирифт, 132 шогирд ва 9 омӯзгору кормандони мактаб кушта шуданд.

Баъди лағви мораторий барои ҳукми эъдом шаш нафари муттаҳам дар терроризм ба қатл расиданд. Ягон нафари онҳо дар ҳамла ба мактаби Пешовар даст надошт.

Як ҳафта пеш вазири умури дохилии Покистон Чаудрӣ Нисор Алӣ Хон гуфта буд, ки дар кишвар тақрибан 500 нафар барои терроризм ба эъдом маҳкум шудаанд ва ҳукми онҳо ҳафтаҳои наздик иҷро хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG