Вазорату идораҳои Тоҷикистон давоми моҳи январи соли оянда нишастҳои хабарии худро доир мекунанд. Ба иттилои Дастгоҳи президенти Тоҷикистон, нишастҳои хабарии мақомоти давлатӣ ё худ ҳисоботи солонаи вазорату корхонаҳои давлатӣ дар моҳи январи соли нав баргузор хоҳанд шуд. Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон рӯзи 26 декабр хабар дод, нишастҳои хабарие, ки аз тарафи вазорату корхонаҳои давлатӣ гузаронида мешаванд, дар назар аст аз 5 то 30 уми январи соли нав идома кунад. Ҳамчунин донишгоҳу донишкадаҳои низ оид ба фаъолияти яксола худ барои матбуот нишастҳои хабарӣ баргузор мекунанд.