Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки Осиёии Рушд соли оянда ба Тоҷикистон 74 миллион доллар медиҳад


Бонки Осиёии рушд дар соли ояндаи 2015 дар Тоҷикистон 4 лоиҳаро бо маблағи умумии 74 миллион доллар сармоягузорӣ хоҳад кард.

Сӣ Сӣ Ю роҳбари дафтари Бонки Осиёии рушд дар Тоҷикистон рӯзи 23−уми декабр дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, бонки мазкур баҳри истифодаи босамари оби рудхонаи Панҷ ва фаро гирифтани ҷавонони тоҷик бо касбомӯзи 20 миллиондолларӣ , барои беҳтарсозии фазои сармоягузорӣ 25 миллион ва таҳияи арзёбии фанниву иқтисодии тарҳи роҳи оҳани Тоҷикистон, Афғонистон, Туркманистон 9 миллион доллар ихтисос додааст.

Ба таъкиди ӯ Бонки Осиёии Рушд дар се соли оянда (2015 2017) ба Тоҷикистон ҳар сол на камтар аз 80 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ хоҳад кард. Ҷаноби Сӣ Сӣ гуфт таи панҷ соли охир Бонки Осиёии Рушд ба Тоҷикистон танҳо грант медод. Аммо дар сурати нашр шудани арзёбии Сандуқи байналмиллали пул ҷиҳати устуворӣ дар қиболи қарзи хориҷӣ мумкин аст, бонки мазкур ба Тоҷикистон қисман қарз ва қисман грант бидиҳад. Дар сурати боқӣ мондани рискҳо дар ин арса ба Тоҷикистон боз ҳам грант дода мешавад.

То ҳол Бонки Осиёии Рушд 13 тарҳро дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст, ки ҳазинаи онҳо 905 миллион долари амрикоӣ буда 75 дарсади онро грант ва ё кумакӣ молиявӣ ташкил мекунад.

XS
SM
MD
LG