Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарии СПАД аз Русия ба Тоҷикистон гузашт


Дар Маскав дар ҷаласаи Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ раҳбарии ин созмон аз Русия ба Тоҷикистон гузашт. Дар ин бора Муҳаммади Эгамзод-сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба Радиои Озодӣ хабар дод.

Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон субҳи 22 декабр дар раъси як ҳайати баландпоя барои ширкат дар ҷаласаи навбатии Шӯрои созмони Паймони амнияти дастаҷамъии ба Маскав рафт. Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар Сироҷиддин Аслов-вазири корҳои хориҷӣ, Эркин Раҳматуллозода-ёвари президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, Шералӣ Мирзо-вазири дифоъ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Нишасти СПАД 23 декабр бо ширкати сарони давлатҳои узв кори худро идома медиҳад ва раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар он ба унвони раҳбари нави ин созмон дар соли 2015 суханронӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG