Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии Назарбоев барои миёнравӣ дар бӯҳрони Украина


Нурсултон Назарбоев
Нурсултон Назарбоев

Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон изҳор дошт, ки вай омода аст чун “миёнрави содиқ” дар ҳали бӯҳрони Украинаи шарқӣ кӯмак кунад. Назарбоев гуфт, ки вай метавонад чун миёнрави содиқ рафтор кунад, зеро ҳам бо Украина ва ҳам бо Русия муносибати хуб дорад. Русия барои доман задани нооромӣ дар шарқи Украина бо фиристодани сарбозонаш ва додани аслиҳа муттаҳам дониста мешавад, вале худи Русия ин иттиҳомотро қабул надорад.

Назарбоев қавл дод, ки ба Украина кӯмак мекунад ва дар изҳороти худ даъват кард, ки ба истиқлол ва тамомияти арзии Украина эҳтиром гузошта шавад.

Назарбоев 21 декабр дар Остона пеш аз сафар ба Киев ин суханонро изҳор дошт. 22 декабр вай дар Киев бо Петро Порошенко-раиси ҷумҳури Украина мулоқот мекунад.

21 декабр Порошенко бо Александр Лукашенко-раиси ҷумҳури Беларус дар Киев дидор дошт. Лукашенко гуфт, ки дар муборизаи Украина бо шӯришиёни ҷонибдори Русия ва барои рафъи бӯҳрони иқтисодӣ кӯмак мекунад.

XS
SM
MD
LG