Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама фурӯши молу маҳсулот ба Қримро мамнӯъ кард


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико бо як фармон фурӯши молу мавод, технология ва дигар хадамот дар нимҷазираи Қрим дар Украинаро мамнӯъ кард. Барак Обама, ҳамчунин ба вазорати молияи Амрико амр дод, ки бар зидди ширкатҳо ва шахсоне, ки дар Қрим фаъолият мекунанд, таҳрим эъмол кунад. Раиси ҷумҳури Амрико дар ин бора рӯзи 19-уми октябр сухан гуфт ва аз Русия хост, ки Қримро ба Украина баргардонад. Баъди ин вазорати молияи Амрико 17 шахси алоҳида ва 7 ширкатро ба феҳрасти таҳримот ворид кард. Як рӯз пеш аз ин Иттиҳодияи Аврупо низ сармоягузорӣ дар нимҷазираи Қримро мамнӯъ кард. Обама рӯзи 18-уми декабр як қонуни алоҳида дар бораи эъмоли таҳрим бар зидди Русияро имзо кард, вале гуфт, айни замон барои иҷрои он амр намедиҳад. Моҳи март нерӯҳои тарафдори Русия, нимҷазираи Қрими Украинаро ишғол карданд ва баъдан Русия онро расман ба қаламрави худ ҳамроҳ кард.

XS
SM
MD
LG