Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин гуфт, Ғарб девори "маҷозии" Берлин месозад


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия гуфт, кишварҳои ғарбӣ саъй доранд, девори нави “маҷозии” Берлин бисозанд ва ба қавли ӯ "хирси русиро" ром кунанд. Ӯ рӯзи 18-уми декабр зимни нишасти хабарии солонааш дар Маскав бо ишора ба кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико онҳоро сахт танқид кард. Владимир Путин, густариши НАТО ба шарқ ва бунёди сипари дифоии Амрико дар Аврупоро мисол овард, ки ба қавли ӯ намунаи бунёди девори нав байни Русия ва Аврупо аст. Владимир Путин афзуд, ки мавзеъгирии Русия нисбат ба Украина аломати он аст, ки Ғарб бояд чунин амалкардҳояшро бас кунад. Владимир Путин гуфт, Украина бояд ҳамчун воҳиди ягонаи сиёсӣ бимонад ва ҳукумати Украинаро дар муноқиша дар шарқи кишвар гунаҳкор донист. Раиси ҷумҳури Русия афзуд, ҳукумати Украина бояд бо намояндагони тамоми минтақаҳо аз ҷумла, вилоятҳои зери назорати ҷудоихоҳон муколамаи мустақиму баробар пеш бигирад. Ба қавли Владимир Путин, Петро Порошенко, раиси ҷумҳури Украина, тарафдори ҳалли сулҳомези муноқиша дар Украина аст, вале дигарон мехоҳанд, “барои расидан ба пирӯзӣ” то охир биҷанганд ва бо ин корашон монеъи талошҳо барои хотима додан ба ҷанг мешаванд.

XS
SM
MD
LG