Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ва Куба равобити дипломатиро эҳё карданд


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, кишвараш ва Куба розӣ шудаанд, ки робитаҳои дипломатии байни ҳамдигарро аз сар гиранд. Ду тараф созиш карданд, ки муносибатҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва туристииро барқарор намоянд. Ин як тағйири таърихӣ дар сиёсати ду кишвар аст ва пас аз ним асри хусумату душманӣ иттифоқ меафтад. Ҳамзамон бо изҳороти Обама Раул Кастро, раиси ҷумҳури Куба низ дар Ҳавана дар ин бора изҳорот кард. Ду изҳорт дар ҳоле пахш мешаванд, ки дар остонаи он Алан Гросс-корманди созмони имдодрасонии Амрико дар Куба 17 декабр баъд аз 5 сол дар чаҳорчӯбаи доду гирифти зиндониён аз зиндон раҳо шуд. Гросс 3 декабри соли 2009 зиндонӣ шуда буд ва ҳоло 65 сола аст. Вайро 15 сол барои ворид кардани таҷҳизоти мамнуъ маҳкум ба зиндон карда буданд.

XS
SM
MD
LG