Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маргталабон ба бонки вилояти Ҳилманд ҳамла бурданд


Мақомоти расмии вилояти Ҳилманди Афғонистон мегӯянд, ки бамгузорони маргталаб ба яке аз бонкҳои вилоятӣ дар Лашкаргоҳ ҳамла бурдаанд. Сухангӯи волии вилоят изҳор дошт, ки ду марди дорои камарбанди тарканда 17 декабр ба бахши Бонки Кобул ворид шудаанд ва яке аз онҳо камарбандҳоро таркондааст.

Вай гуфтааст, ки дар ин ҳамла талафоти ҷонӣ ба бор омадааст, вале шумораи кушташудагонро эълон накардаанд. Шоҳидон мегӯянд, ки баъд аз ин ҳамла садои тирпарронӣ шунида мешуд. Бино ба гуфтаи онҳо дар дохили бонк одамони мулкӣ низ будаанд.

XS
SM
MD
LG