Гурӯҳе аз мардони мусаллаҳ ба як мактаби артиши Покистон дар шаҳри Пешовар ҳамла карданд ва 10 мактабхони аз 9 то 14-соларо куштанд. Баъди ҳамла ба мактаб аз дохили он садои тирандозӣ ва таркиш ба гӯш расидааст ва афсарони артишу волидони дар тарсу ҳарос атрофи мактабро иҳота кардаанд. Ба гузориши Радиои Машъал, бахши покистонии Радиои Озодӣ, гурӯҳи мусаллаҳ субҳи рӯзи 16-уми декабр ба мактаб ворид шуда ва тирандозиро шурӯъ кардаанд. Манобеъи шифохонаи наздики ин маҳал марги 5 мактабхонро таъйид карданд ва гуфтанд, ки 27 тани дигар захм бардоштаанд ва вазъи баъзеи онҳо бисёр бад аст. Як нафар ба хабарнигори Радиои Машъал занг зада, худро сухангӯи Таҳрики Толибони Покистон ва Муҳаммад Хуросон муаррифӣ карда ва гуфтааст, ки ҳамла кори дасти онҳост ва посух ба амалиёти артиши Покистон дар Вазиристони шимолӣ мебошад.