Нуридди Қаршибоев, раҳбари пешини НАНСМИТ рӯзи 12 декабр ба ҷои Қироншоҳ Шарифзода раиси нави Шӯрои Васоити Ахбори Омма интихоб шуд. Аъзои нави раёсати Шӯрои Васоити ахбори омма, Мӯсо Асозода, Нуриддин Қаршибоев ва Мухтор Боқизода баргузида шуданд. Дар ин нишаст, ки ба ҳадафи интихоби раиси ҷадиди Шӯрои ВАО сурат гирифт, мақомоти давлатӣ, масъулони созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла САҲА ва созмонҳои иҷтимоӣ ва намояндагони расонаҳои Тоҷикистон ширкат карданд. Ҳамчунин таҳия ва қабули Тавсияҳо ба хотири риояи бемайлони меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқи касбӣ ва рушди касбияти кормандони ВАО аз дигар масъалаҳои мавриди баҳс дар ин нишаст буд.