Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русияву Ҳинд қарордодҳои муҳим имзо карданд


Дар ҷараёни сафари Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ба Деҳлӣ, қарордодҳое ба имзо расид, ки бар асоси онҳо, Русия дар Ҳинд чанд нерӯгоҳи атомии нав месозад ва он кишварро бо нафт таъмин мекунад. Владимир Путин, ки дар дохилу хориҷи Русия ба мушкилоти иқтисодӣ ва сиёсӣ рӯ ба рӯ аст, саъй дорад, аз муносибаи дӯстонаи қадимии Ҳинду Русия ба манфиати кишвараш истифода кунад. Қарордодҳои ҳамкорӣ баъди мулоқоти тӯлонии Владимир Путин ва Нарендра Моди, нахуствазири Ҳинд рӯзи 11-уми декабр ба имзо расид. Ба гуфтаи Нарендра Моди, бар асоси қарордод миёни ширкати “Росатом” ва Ширкати Нерӯи Атомии Ҳинд, ширкати русӣ барои нерӯгоҳҳои атомии Ҳинд 10 реактори нав бунёд мекунад. Сергей Кириенко, раиси “Росатом” пештар аз ин гуфт, қарордоди алоҳидае дар бораи бунёди ду реактори нав дар нерӯгоҳи Куданкулами Ҳинд ба имзо расид, ки Русия то кунун дар он ду реактор сохтааст.

XS
SM
MD
LG