Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти модарони Шермуҳаммади Шоҳиён ва Давлат Назрӣ


Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Кумиссиюни Маркавзии Интихобот ва Раъйпурсии Тоҷикистон ба сабаби даргузашти модараш дар нишасти ин коммиссиюн бо раҳбарони аҳзоби сиёсӣ ширкат карда наметавонад.

Нишасти раҳбарияти КМИРТ бо раҳбарони аҳзоби сиёсии ин кишвар имрӯз панҷшанбеи 11 декабр дар толори ин куммиссиюн ҷараён дорад.

Масъулони КМИРТ гуфтанд, ки “модари 80 солаии Шермуҳамаади Шоҳиён рӯзи гузашта дар ноҳияи Балҷувон даргузаштанд, ки худи ҷаноби Шоҳиён ба ин сабаб натавонистанд, ки дар нишаст бо раҳбарони аҳзоби сиёсӣ ширкат кунанд.

Дар ҳамин ҳол, модари 90 солаи Давлат Назрӣ, собиқ сухангӯи вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамакнун корманди сафорати Тоҷикистон дар Белорус низ рӯзи гузашта дар зодгоҳаш – Дашти Ҷум асари беморӣ даргузаштанд.

Раҳбарияти КМИРТ, вазорати корҳои хориҷӣ ва Радиои Озодӣ нисбати даргузашти ин модарон ба Шермуҳаммади Шоҳиён ва Давлат Назрӣ арзи тасаллияту ҳамдардӣ баён мекунанд.

XS
SM
MD
LG